БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСЛИИ ҲХДТ СОЛИМ НИГОҲ ДОШТАНИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саодат” мулоқот анҷом дода шуд.

Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷрояи шаҳрии  ҲХДТ  Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Намозов Ҷамшед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби масъулин  зимни суҳбат гуфта шуд, ки ҳар як давлату ҳукумат нахуст ба солимгардонии маънавиёти халқи худ кӯшиш мекунад ва дар айни замон гурӯҳҳои манфиатҷуву тахрибкор баръакс, ба ифротсозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона месозанд. Аз ин ҷост, ки ҳамаи ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки рӯҳи миллии мардум бо рӯҳи давлатӣ даромезад.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон қайд гардид, ки расидан ба шароити арзандаи зиндагиро аз роҳи ваҳдату субот, сулҳу оромӣ ва меҳнати софдилонаву хайрхоҳона шиори худ сохта, бо амалҳои неку созандаи худ бо таассубу ҷаҳолат ва ақидаву андешаҳои тафриқаангез мубориза хоҳанд бурд.

Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси имконияташ маҳдуд кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg