БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ МО ҲИЗБИЁН БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МЕБОШАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шифо»-и ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зинан масъулини ҳизбӣ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал ибрози ақида намуда,  қайд карданд, ки ки масъулияти мо ҳизбиён дар якҷоягӣ бо кормандони ин ташкилоти барои баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон дар самти пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ огоҳ намудан аст.

Дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ва гепотити С бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.

Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»   ба як нафар собиқ корманди ташкилот, ки айни ҳол дар бистари беморӣ мебошад, кӯмаки моддӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg