ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чилча”-и ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус вохӯрии судманд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он фикру мулоҳизаронӣ намуданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» шахсони хайрхоҳу ватандӯст иброз доштанд, ки ҳар лаҳза вақти худро ба корҳои ободонӣ бахшида, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ масофаи 500 метр роҳи деҳаро сангфарш менамоем.