ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, коммуникатсия, ки дар Паёми имсола омадааст, суханронӣ намуд. Аз ҷумла мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади пурра амалӣ гардидани ин ҳадафҳо ҳадафи чоруми кишвар -саноатикунонии мамлакат пешниҳод карда шуд. Таъкид шуд ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад. Саноатикунонии босуръати кишвар Тоҷикистонро ба кишварҳои пешрафта ҳамқадам месозад. Ҳамзамон, дар партави Паёми Пешвои миллат соли 2019-ро барои сохторҳои ҳизбӣ Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон гардид.
Инчунин,дар охир қайд гардид, ки ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо қувваи сокинон то ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонӣ идома меёбанд.