ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Авесто” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Хизмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург аст!” баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Фирӯза Абдураҳимова аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуд, ки дастгирии оилаҳои ниёзманду бепарастор, ба ҳукми анъана даромада, шахсони саховатманд кӯшиш менамоянд, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро аз мадди назар дур намонанд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Авесто” ба 5 нафар оилаҳои ниёзманди ҷомеа кӯмаки моддӣ расонида шуд.