БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОД КАРДАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ

ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Корез” дар  деҳаи Ҳусейншайх хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия доир ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ  андешаронӣ намуда, афзуд, ки дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат  барои пешрафту шукуфоии Ватан равона карда шуда, моро лозим аст, дар ин масъала  масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Чунки обод кардани Ватан  аз гӯшаи имондорӣ буда, рушду нумуи он   вазифаи  шаҳрвандии мо мебошад.

Дар охир  сухарониҳои судмандро  сокинон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки  баҳри  боз ҳам пешрафта  шудани  Тоҷикистони азиз ҳамарӯза   дар корҳои ободонӣ саҳм хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg