ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Чордара» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида шуд.
Зимнан намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қайд карданд, ки ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
Баъдан бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.