![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/01_41.jpg?itok=0fKARAVf)
КӮЛОБ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Сатҳи маънавиёти ҷомеа муайянкунандаи сатҳи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти он мебошад. Ҳар қадар маънавиёти ҷомеа солим бошад, ҳамон андоза давлат ба пешривию муваффақиятҳо ноил мегардад.
Бо мақсади мафкураи созандаи ҷомеаро барои амалӣ намудани ҳадафҳои неку созандаи давлату Ҳукумат равона сохтан, дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони деҳаи Корези поёни Ҷамоати деҳоти Зиракӣ дар ҳамбастагӣ роҳҳои деҳаро сангфарш намуда, ҳамзамон без 100 метр ҷӯйҳои обгузарро таъмин намуданд.
Иштирокдорони чорабинӣ гуфтанд, ки деҳаи обод симои сокинони бомаърифати онро инъикос мекунад. Аз ин лиҳоз ба ҷои ҷои маъракаҳои серхарҷу миёншикан барои зебо гардидани макони худ ҳамаи кушиш ғайрати худро равона месозем. Дар ҳамин замина барои худ шароити хуби зиндагиро муҳайё мекунем.