ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар мактаби варзишии ноҳия баҳри ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мусобиқаи гуштини миллӣ доир карда шуд.
Зимни вохӯрии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳия Худойдод Ёров ёдовар шуд, ки варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшударо метавонад, ҳама вақт ҷавону солим ва бардам нигоҳ дорад. Инчунин, варзишро роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ низ меноманд.Ҳар як варзишгарро мебояд баҳри расидан ба макқсадҳои худ заҳмату талош намояд ва аз мағлуб шудан дилшикаста нагардад.
Дар фарҷом ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд.