БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Умед-1» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи иштирок дошта, зимни суханронӣ иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, ҳамаи моро лозим аст, ки барои ҳарчи зудтар дар амал татбиќ намудани ин ҳадафи олӣ заҳмат кашем.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо маром идома дорад. Қарзи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намояд.