Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотиибтидоии ҳизби «Бозори Салтанат-ш»-и ҷамоати деҳоти Каленин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ, иброз доштанд, ки мувофиқи нақшаи корӣ як қатор чорабиниву вохӯриҳо дар назар дошта шудааст. Яке аз онҳо амалигардонии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» мебошад. Мақсади асосии Аксияи ҳизбӣ расонидани кӯмак ба қишри ниёзманди ҷомеа ва ободу зебо гардонидани маҳаллаҳои ноҳия мебошад.