КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Куган Гулов”-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ дар бораи сиёсати некбинонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуданд. Баъдан бо ҷалби сокинони деҳа дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ доир карда шуд.