БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲАМЧУН ҲИЗБИ МАСЪУЛИЯТШИНОС МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино-2” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саёҳат Самадзода ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Сино-2” Сайвалиев Наврӯз иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, масъулин вобаста ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, қайд кард, ки яке аз бахши фаъолияти ҳизбӣ ин кор бо ҷавонон аст. Имрӯз, ки масъалаи терроризм хосияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст ва ҲХДТ-ҳамчун ҳизби масъулиятшинос мубориза алайҳи терроризму экстремизм саҳми муносиб дошта, ташкилотҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ машғул мебошанд.

Дар ин росто ҷомеаро зарур аст барои мубориза бурдан бо равияҳои ифротгароӣ, ҳамкории зичро бо ҲХДТ ба роҳ монанд ва бар зиддӣ он дастаҷамъона иқдом намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg