БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАМЕГУЗОРЕМ, КИ ҶАВОНОНИ МО ФИРЕФТА ВА ГУМРОҲИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ГАРДАНД!

ВОКУНИШ. Ҷиддитарин таҳдиду хатарҳои амнияти ҷомеаи навин ин ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки тамоми оламро ба ташвиш оварда ба монанди  ,,Вабои аср” решаҳои худро ба ҳама кунҷу канори дунё ҷо дода, амният ва истиқлолияти давлатҳоро зери хатар гузоштааст. Ифротгароӣ ё худ экстремизм падидаи нохалафест барои мақсадҳои сиёсиро ба даст овардан. Имрӯзҳо дар баробари дигар хатарҳои рӯзафзуни тамоми сайёра хатарҳое, ки ба  мафкураи инсонӣ монеъ мегардад ин амалҳои экстремистию террористӣ мебошад. Таъсири ин амалҳо ин ба шуури ҷамъият мебошад, ки бо суханони зиддиҳукуматӣ ва зиддидемократӣ аҳолиро гумроҳ карда ба гуруҳҳои бар зидди давлатӣ ҳуқуқбунёди демократӣ шомил мегардонанд.  Имрӯзҳо тамоми давлатҳои дунёро таҳдиди гуруҳҳои террористию экстремистӣ фаро гирифтааст,  ки шомил шудан ба ин намуди гуруҳҳо боиси марги ҳазорҳо нафарони бегуноҳ мегардад. Албатта, ки дар ҷомеаи имрӯза ин гуна гуруҳҳо зиёд гашта тамоми дунёро ба ларза даровардааст, чунки бо пайдо шудани ин гуруҳҳо мардуми олам тинҷу субот зиста наметавонанд.

Террористону ифротгароён ва паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ мухолифини сиёсӣ буда, барои шомил кардани ҷавонон ва дигар аҳли ҷомеа аз номи дини Ислом баромад карда, худро ҳамчун давлати исломӣ ном гузошта, бо таҳдиду хушунатҳои беасосонаи худ сиёсати давлатиро бадном месозанд. Террористон бошад, барои бадном кардани дини Ислом дар вақти қатл ва задухурдҳояшон аз суханони аз қабили ,,Аллоҳу акбар” ва  ,,Ҷиҳод” истифода мебаранд. Дар асл Ислом яке аз динҳои парҳезгорӣ ва ростқавливу сулҳпарварӣ буда, зидди кушту куштор ва ифротгароӣ мебошад. Гуруҳҳои ифротгаро одамони худро дар байни ҷомеа гузошта ба ҷавонони донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир надошта дуст шуда, бо ҳар гуна фанду фиребу ваъдаҳои хушку холӣ онҳоро шомили гуруҳҳои террористию экстремистӣ гардонда, онҳоро бар зидди сиёсати давлатӣ равона месозанд.

Ҳарчанд, ки ин намуди гуруҳҳо моро таҳдид кунанд, вале мо алайҳи онҳо то ҷон дар бадан дорем мубориза бурда баҳри тинҷиву амонии кишварамон саъю талош мекунем. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии кишвар ва хадамотҳои махсус мебошад ва мо ҳам дар баробари ин ҳама мақомотҳо масъулият ҳис намуда бар зидди терроризм ва экстремизм истодагарӣ мекунем. Намегузорем, ки ҷавонони мо фирефта ва гумроҳи чунин гуруҳҳо гарданд. Воқеан ҳам гуруҳҳои террористи ҷавонони моро фирефта карда, бо даъвати ҷиҳод ба мамлакатҳои шарқи наздик бурда, ҳаёти онҳоро тангу тор мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони  тоҷик таъкид мекунад, ки донишҳои динию сиёсии худро сайқал дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, худомӯзи кунанд, то ки фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои шубҳанок нагарданд.

Каримов Лоиқҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg