БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД БАҲРИ САРСАБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНИДАНИ ДИЁРИ ХУД СОДИҚОНА ТАЛОШ ВАРЗЕМ!

ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар деҳаи  Нурободи ҷамоати деҳоти  ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб вохўрӣ баргузор гардид.

Дар он Файзиев Каримҷон- раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот ва раиси ташкилоти ибтидоии деҳа Хиратов Бекназар иштирок намуданд.

Файзиев Каримҷон оид ба моҳияти эълон гардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳадафи чоруми давлату ҳукумат –саноатикунонии кишвар ва дар ин замина муайян гардани вазифаи ҳизбиён мушаххас маълумот дод.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии «Нуробод» Хиратов Бекназар оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ибрози андеша намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки баҳри ободии диёри худ, сарсабзу хуррам гардонидани деҳаву маҳаллаҳо  ҳамарўза ва содиқона саъю талош намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg