ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сохтори госпитали беморхона» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Ватанзода Сайҷаъфар иштирок ва суханронӣ намуд.
Мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида мешавад.
Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасад.
Дар охир аз ҳар як корманди соҳаи тиб даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳифзи солимии ҷомеа ҷиддӣ муносибат намоянд.