КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Эргаши ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Сатторова Мунаввара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлолият, расму оини миллӣ ва даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки хушбахтона, имрӯзҳо ҳазорҳо нафар ҷавонони содиқ ба меҳан хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дилу виҷдон ба ҷо меоранд. Маъракаи навбатии даъват низ нишон дод, ки қишри асосии ҷавонон муҳимияти қарзи ҳарбиро дарк кардаанд. Аммо, ҳанӯз ҳам пайдо мешаванд ҷавононе, ки аз хизмат саркашӣ мекунанд ва ё волидонашон монеаи хизмати онҳо мегарданд, ки боиси нигаронӣ буда, набояд фаъолони ҳизб нисбати ин муаммои сарбаста бетараф бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.