ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Файзбахш» -и ҷамоати деҳоти Ваҳдат вохӯрӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар мавзӯъи «Фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хоҷагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл» суханронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини киштшаванда раҳнамоӣ карданд.
Дар фарҷоми Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, қисмати ҳудуди деҳаро тозаву озода намуданд.