БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Устод» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати дониши насли наврас ва ҷавон суханронӣ намуда, афзуданд, ки тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ вазифаи омӯзгорону устодон, балки вазифаи падару модар низ мебошад. Аз ин лиҳоз моро месазад, дар таълиму тарбияи фарзандонамон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем, чунки ояндаи давлату миллати мо дар дасти насли наврасу ҷавон мебошад.