БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «МДНРА» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Мирзозода Исуф раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард.
Инчунин, мавсуф қайд кард, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии мақсаду ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ моро лозим аст, даст ба дасти ҳам дода, дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри боз ҳам рушду нумуи Ватан-Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузорем.