БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ЯКҶОЯ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУБОРИЗА БАРЕМ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоҳутӣ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд карданд, ки дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, сатҳи зиндагии табақаҳои камбизоати аҳолиро паст менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg