![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190409_102353.jpg?itok=h6pxQKzt)
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷонок намудани фаъолияти таблиғотӣ ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Анористон»- и ҷамоати деоти Обшорон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ андешаронӣ намуда, аз падару модарони ҷамъомада даъват ба амал оварданд, ки фарзандони хешро ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намоянд, то ин ки дар оянда онҳо соҳиби ҷойи кор гарданду зиндагиашонро пеш баранд.