БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ФАЪОЛОН БО ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗА БАРЕМ!

ВОКУНИШ.Раванди инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳлили он собит месозад, ки дар баробари инкишофи илму техника, иттилоот, ҳамчунин омилҳои номатлубе зуҳур мекунанд, ки башарро ба ташвиш меоранд. Хилофӣ ормонҳои инсоният буда, онҳо дар заминаи ҳадафҳои муғризона ва зиддиинсонӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Аҳдофи носолими гуруҳҳои муайянро ифода карда, дар ҳама шаклу намудҳояшон ин омилҳо зидди пешрафти чомеаи инсонӣ, камолоти инсонҳо нигаронда шудаанд. Ин маъниҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиашон мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, таъкид ба амал оварданд, ки бо ҳама шаклҳои терроризм оштинопазир бошем, нагузорем, ки онҳо акидаҳои зиддиинсонии худро ба ҷавонони камтаҷриба таҳмил карда, ақидаҳои муғризонаашонро дар ҷомеа ҷорӣ намоянд. Ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат даъват ба амал оварданд, ки ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин ҳушдории Ҷаноби Олӣ моро вазифадор мекунад, ки ҳамарӯза бар зидди терроризм мубориза барем. Дар суханрониву амалҳоямон манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ҳимоя намуда, ҳамзамон анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои хешро ҳимоя созем ва дар ҳифз кардани ғояи миллӣ собитқадамӣ нишон диҳем.

Месазад ёдовар шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар минтақаи осебпазир ҷойгир буда, бо давлатӣ Афғонистон зиёда аз 1400 км  сарҳад дорад. Дар ин кишвари ҳамсоя бошад зиёда аз 30  сол боз ҷангу ҷидол идома дошта, гурӯҳҳои террористии «Толибон», «Давлати исломӣ» ва ғайра густариш ёфтаанд ва онҳо ба амнияти миллӣ ва давлатии мо таҳдид мекунанд.  Ин  гурӯҳҳои ифроткор аз номи дини мубини «Ислом» амал карда, ин оини покро доғдор мекунанд. Зеро дар асл гурӯҳҳои   «Толибон», «Давлатӣ исломӣ» ифротиву экстремистӣ буда, ҳадафи доираҳои моҷароҷӯӣ шарқу ғарбро ифода мекунанд ва ҳадафи хоҷаҳояшонро амалӣ месозанд.

Дар кишвари мо хавфи ба доми онҳо афтидани ҷавонони камтаҷриба вуҷуд дорад ва онҳо метавонанд, бо бозмондаҳо ва узви ҲНИ, ки фаъолияташ чун ҳизбӣ террористӣ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, забон як кунанд, амалиётҳои тахрибкоронаро роҳандозӣ намоянд. Оромии ҷомеаро халалдор созанд. Маҳз ба ҳамин хотир Роҳбарияти Олии кишвар дар назди  ҷомеаи кишвар вазифа гузоштанд, ки дар ин самт мунтазам ва мақсаднок кор баранд. Корро тарзе ба роҳ монанд, ки дар мубориза бо терроризм ҳамаи қишрҳои ҷомеа иштирок намоянд. Аз коргари одӣ, муаллим, духтур сар карда, то падару модарон, шахсони обрӯманд, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра дар ин мубориза бояд ширкати фаъолона варзанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд дар тамоми сохторҳо ҳадафмандона ба роҳ монда шуда, дар баробари ин мақсадҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат тарғиб ва амалан дастгирӣ ёбанд. Хулоса мешавад, ки мубориза ба терроризм кори ҳама аст. Мо бояд ғояи ваҳдати миллӣ ва созандагиро бо ифротгароӣ муқобил гузошта, ҷомеаи муосири Тоҷикистонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Бо кори амалӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди босуръати он ҳисса гузорем.        

Ҳанифа  Қурбонова,  мудири бахши фарҳанги  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён                                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg