БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОҚИБАТ ГУРГЗОДА ГУРГ ШАВАД...

ВОКУНИШ. Оре, гургзода оқибат гург мешавад, гарчанде бо одамӣ бузург шавад ҳам.  Ин гуфтаҳо аз таҷрибаи рӯзгор бармеояд. Дар ин ҷо гургу гургзода гуфтани шоир одамони хислати бади инсони дошта дар назар аст. Одамоне, ки  ислоҳнопазиранд. Одамоне, ки аз дурӯғ гуфтан, туҳмат задан, куштору ғорат, зарар расонидан ба мардум қаноатмандӣ ҳосил менамоянд. Одамоне, ки барои нафси бади худ ҳозиранд, ки ҳама чизро қурбон созанд. Чунин гурӯҳ бо ном одамон дар ҳама давру замон буд ва ҳоло ҳам ҳастанд.

Аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ аз чунин гурӯҳҳои дар боло номбаршуда бо амалҳои хунхоронаи худ камӣ не, балки бартарӣ доранд.

 Мардуми Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта аз  гуфтаҳои боло зиёд амалҳои зиддиинсониробо чашми худ диданд.  Онҳо азоби беватанӣ, гурезагӣ, ташнагию гуруснагӣ, дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ доданро аз сар гузарониданд. Худ шоҳиди аз тарафи душманони миллат оташ задани хонаю дар, ба қатл расонидани зану фарзанди худ шуданд. Ҳамаиинро диданд, аз сар гузарониданд  ва ҳоло фаромӯш накардаанд.

Оё падару модар фарзанди гумноми худро фаромӯш карда метавонад? Оё онҳо он рӯзҳои мудҳишро, ки фарзанди худро ҳангоми аз дарёи Ҷайҳун ( Панҷ ) гузаштан аз даст додаанд ва ба ҳамин монанд солҳои дигарро аз ёд бароварда метавонанд?   Ҳеҷ гоҳ!

Сокинони кишвар, ки имрӯз тамоми ҳақиқати ҳолро ба таври рушан медонанд, нисбати душманони давлату миллати тоҷик  - сарварони Ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷиашон, ки барои расидан бо мақсади нопоки худ  - дигар намудани сохтори давлатдорӣ, мазҳаб ва ба даст овардани мансабҳои баланди давлатӣ ҳамаи ин нобасомониҳоро барангехтанд,  нафрати бепоён доранд.

Исботи террористу экстремист будани ин ҳизбро дар баробари дигар факту рақамҳо сидқан иқрори шахсоне, ки дар ин ҳизб мансабҳои баландро ишғол менамуданд, чун Айёмиддин Сатторов, Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва дигарон тасдиқ менамоянд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва косалесонаш ҳоло ҳам аз нияти нопоки худ бар нагаштаанд. Бо ҳар роҳ мехоҳанд тинҷию осудагии дар мамлакат ба дастомадаро халалдор намоянд, ба пешрафту тараққиёти кишар монеъгӣ эҷод намоянд.  Бо ин мақсад аз ҳама роҳҳои паст, аз ҷумла тӯҳмату бӯҳтон, суханони беасос, худсафедкунӣ истифода менамоянд. Дар чашми ҷаҳониён давлати Тоҷикистонро ғайридемократӣ нишон додан мехоҳанд ва аз онҳо даъват ба амал оварданӣ мешаванд, ки ба Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодӣ барқарор нанамоянд.Дар ҳақиқат Кабирӣ ва думравонаш бо амалашон ҳамон гургзодагоне ҳастанд, ки бо одамӣ калон шуданд, вале  хислати гургонаи худро нигоҳ ва ҳатто тақвият бахшидаанд.

Бисёр мехоҳанд,  ки дар байни мардум низоъ бархезонанд, одамонро чун пештара  ба минтақа ва гурӯҳҳо ҷудо намоянд ва  аз ин амал хоҷагони хориҷии худро хурсанду қаноатманд гардонанд, вале дасташон кӯтоҳӣ мекунад.  Кӯтоҳии дасти онҳо дар он аст, ки мардуми Тоҷикистон дигар онҳое нестанд, ки ба доми фиреби душманони миллат  афтанд. Онҳо имрӯз дӯстро аз душман ҷудо мекунанд. Меҳнату заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамояд.  Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллатро якдилона дастгирӣ мекунанд.

Пойдории давлати мо ҳам дар он аст, ки мо иттифоқ ҳастем, дар як сиёсат кору пайкор менамоем.

Абдулазиз Ҳакимов, узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg