БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАР БА ҶОМЕАИ БАШАРӢ АСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯз  терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва  глобалӣ касб мекунад.  Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад  ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо  воқеан таҳдид эҷод менамояд.   Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ  ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаиҷаҳонӣ бар зидди он аст.   Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир  андешида  шуда дар бахши мубориза   бо терроризм, таҳдиди   амалҳои нави террористӣ на фақат   аз байн нарафтааст, балки  афзоиш  ёфтааст.  Дар  гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии  созмонҳои террористӣ ва ташкилоту  созмонҳои маблағгузори  онҳо ба мушоҳида мерасад.   Дар замони мо,  ки пур аз  таззод,  мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост,  доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм,  экстремизм  ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу  хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. 

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ  созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва  ноумедӣ афкандан  аст. Таърихи афкору андешаи  инсонӣ  исбот менамояд, ки илму дониш  ҳеҷвақт  душмани дину  имон  набуда,  балки бар зидди  хурофот, куҳанпарастӣ,  бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу  чаласавод  буд.  Ягон  мутафаккир  ё донишманди асили замони гузашта  ва муосир  низ бар зидди дин  набаромадааст, балки хуруфот, нодонӣ, ҷаҳолатро  зери интиқод қарор додааст.   Айнӣ замон байни давлатҳои абадқудрати ҷаҳон  рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кушиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои тибии, энергетикӣ, ба  даст овардани   мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.  Экстремизм – маънои аслиаш ифротгароӣ,  тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист  шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои  якравию тундравӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои  фаъолияти инсон- дар дин, сиёсат, идеалогия, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.  

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экалогӣ,  зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муаян карда шудаанд.

Мутаассифона, дар олами Ислом равияҳое  низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон  ба фитнакориву  тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини  Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо  ва созмонҳое ҳастанд, ки кушиш менамоянд,  мақсаду маром, ғояву  андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои  тундравона  амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рузноманигорон экстремизм  бештар  аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида  дар тамоми гушаву канори сайёраи  мо ба амал омадааст.  Сабабу  решаҳои он дар чист  ва омилу  ангезаҳои он кадомҳоянд?  Ба  ин савол  ҷавоби  дақиқу  мушаххас додан  душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо  ва ангезаҳои  асосӣ ва умумии онро  номбар  кардан мумкин аст:   Аввалан,  афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ,  нобоварӣ, парешонӣ аз  зиндагӣ.  Дуюм, ҷараёни  бо шиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия)  олами моро  тағйир  медиҳад,  тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои  анъанавиро заиф  месозад ва ҳатто,  тамоман аз байн мебарад.  Натиҷаи  он на ҳама вақт  мусбату дилхоҳ аст ва ин падида  эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро  ба миён ба миён  меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ  ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ,  ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳамулпазирӣ гардад. Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони Ислом, дар байни  мусулмонон ривоҷ  ёфтааст-  ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба  Ислом  ва пайравони он аст.  Мутаасифона аксари онҳое, ки бо асли аркони Ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи Ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба Ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақ ғалат аст. Зеро “Қуръони Карим”, ҳадис, тамоми аҳкому  аркони  Ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд гуфта, зарурияти сулҳ, ризоят, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. 

 

Ҳақназаров Фариддун,  корманди   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg