ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Спитамен» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он мутахассиси шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима иштирок дошта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вобаста ба мақоми зан дар ҷомеа қайд карданд ки, мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.
Воқеан зан дар оила ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар чомеа пешоҳанг бошанд.
Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони маҳаллаи "Спитамен" дар якҷояги маҳалли зисташонро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.