ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти Ҷомбахт доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулини ҳизбӣ дар баромади хеш аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда, зикр намуданд, ки дар баробари тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат равона намудану иҷрои самтҳои муайянгардидаи фаъолияти ҲХДТ-ро дар амал татбиқ намудан вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардида, ҳамагон дар корҳои бунёдкориву созандагӣ саҳм гузоштанд.