ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилот иибтидоии «Дӯстӣ» хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Намояндагони сохтори ҳизбии ноҳия зимни андешаронӣ қайд карданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маром идома доранд.
Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем барои худамон, фарзандонамон, наслҳо иояндаамон Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон бо истифода аз техника ва қувваи корӣ ба ҳамвор карданӣ роҳи деҳа машғул гардиданд.