БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ХУДРО ҲИФЗ КУНЕМ!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кӯмак ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, дастгирӣ намудани ятимону бепарасторон дар мадди аввали давлату ҳукумат буда, он боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ин табақаҳои ҷомеа мегардад.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳамдилон»-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов чорабинии сиёсӣ, маърифатӣ  роҳандозӣ гардид.

Ҷамъомад  вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина бо намоиши ҳунарҳои миллии маҳал оғоз гардид.

Ҳошимов Тоҳир дар сароғоз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки роҳандозии корҳои хайру сахо, дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

            Дар ҷараёни чорабинӣ ҷихати табиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-ҳизбии Якҷоя ҳал мекунем!» тӯйи суннатии 6 нафар дӯстрӯякон баргузор гардида, бо қувваи саховатмандони деҳа ба 34 нафар оилаҳои ниёзаманд аз қабили маводи хӯрока, орду равған кӯмаки моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg