![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/01_39.jpg?itok=hCj0hxUd)
КӮЛОБ. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳадафи асосии ҲХДТ тақвият бахшидани робита бо деҳаю маҳаллаҳо, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаю муассисаҳо бо мақсади фаҳмонидани пешравиҳои рӯзафзуни мамлакат мебошад.
Дар ин замина дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзии минтақа” вохӯрӣ баргузор карда шуд. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нахустин қонуни миллӣ баҳри танзими маросиму анъанаҳои миллӣ қабул шудааст. Новобаста аз назару тафсирҳои манфиатҳои моддӣ мақсаду мазмуни роҳандозии қонуни мазкур танҳо аз ҷанбаҳои иқтисодӣ иборат нест. Дар маркази ҳадафу мақсадҳои ин қонун ҳифзи фарҳангу маънавиёти ҷомеа қарор дорад.
Дар охир ба як нафар зани ниёзмад кӯмакҳои молию пулӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” расонида шуд.