БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ЗАНОН ПОСДОРИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ МЕБОШЕМ!

ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Арабхона”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав дар мавзӯъи “Тарбияи худшиносии миллӣ дар насли наврас” хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Абдураҳимова Фирӯза намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар бораи фарҳанги миллати тоҷик, ки тӯли асрҳост тавонистааст ҳастии худро новобаста аз равандҳои таърихӣ нигоҳ дорад сухан намуда, даъват бар он намуд, ки насли имрӯза аз ҷониби волидон дар руҳияи хештаншиносӣ ва пос доштани урфу анъанаҳои миллӣ тарбия карда шаванд.

Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”роҳандозӣ гардида,  бо дастгирии Ёрматова Майрам роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ёрматзод” ба тариқи ҳашар 500 метр роҳи деҳа сангфарш карда шуда, инчунин  пули  кӯпруки байни деҳа сохта ба истифода дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg