ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии “Корез”-и деҳаи Ғарғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ намояндагони сохтори ҳизбӣ оид ба нуктаи муҳими Паёми имсола, ки дар он тамоми самтҳои хоҷагии халқ матраҳ карда шуданд, ёдовар шуда, ҳамагонро барои иҷрои ин дастру су супоришҳо раҳнамоӣ намуданд.
Инчунин, масъулин моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баррасӣ карда, иброз доштанд, ки саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ва хайру сахо нишонаи ватандӯстӣ мебошад.