БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ғулаки Заррин»-и ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимни суханронӣ иброз доштанд, ки барои бо шароити мусоиди таҳсил фароҳам овардани фарзандони хеш аз тамоми имкониятҳои дар дастдоштаи худ самаранок бояд истифода барем.
Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки барои татбиқи Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем»! заминаи мусоид фароҳам оварда, дар бунёдкориву созандагӣ ҳиссагузор бошем.