БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти солим» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ доир ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мувофиқи Оинномаи ҲХДТ ҳар як узви ҳизб вазифадор аст, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбиро риоя карда, дар амалӣ гаштани ҳадафҳои барномавии он фаъолона иштирок намояд.
Дар охир ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид шуданд.