Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯриҳо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почта ва Телеком»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дао вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба тарғиби арзишҳои миллӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, саҳм гузоштан дар ободонию созандагии Ватан, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва ғайра суханронӣ карда шуд.
Иштирокдорон дар бобати сиёсати имрӯзаи ҲХДТ, хоса сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.