ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корез”-и деҳаи Рахшонзамин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Каримов Пирмаҳмад роҳбари сохтори ҳизби ноҳия дар бораи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаҳои хешро баён карда, аз ҳар як сокини деҳа ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии маҳали зисти хеш ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои ободонӣ даъват ба амл овард.