БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ МУҲАББАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафтархона”  оид ба самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар он намояндагони сохтори ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомотиболоии ҳизбӣ мулоҳизаронӣ карда,  қайд намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ӽарсолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва наврасон дар оила ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ изҳори андеша менамоянд. Бинобар ин таъсис додани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи ҷавонон ва ташкил намудани воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати назорат ва ҳамоҳангсозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро муҳим арзёбӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg