АНДЕША.Оламшумул гардидани шуҳрати сулҳпарваронаи миллати тоҷикро муборизаҳои фидокоронаи сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми волофарҳангаш тӯлӣ солҳои охир ба пуррагӣ исбот карданд. Аз вартаи ҷангӣ ҳамватанӣ берун кашидани миллат мушкилтарин ва сангинтарин кору амале буд, ки дар тамоми сайёра танҳо тоҷикон ба он мушарраф гаштанд. Имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ дар рушду инкишофи артиш ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ватандӯстони асил будани хешро борҳо собит намудаанд. Сарбозону афсарони сарбаланди тоҷик бо савганди садоқатмандӣ дар назди Ватану халқи худ баҳри таҳкиму пойдории сулҳу субот, ҳифзи кулли арзишҳои сарзамини соҳибистиқлол ва дар роҳи ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қадамҳои устувор мегузоранд.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳасосу тақдирсоз борҳо садоқати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст. Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамоми марзу буми ватани азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург аст ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бо нангу номуси миллат аст. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсиси додани Қӯшунҳои зудамал ба Гвардияи миллӣ табдил додани собиқ Гвардияи президентӣ ва таҷдиди сохтори он, беҳбудии таъминоти модиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, дар дохил ва хориҷи мамлакат ба роҳ мондани таҳсилу такмили ихтисоси хизматчиёни ҳарбӣ дар амал татбиқ гардиданд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳиси баланди ватанпарастӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ дошта бошанд. Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардумӣ Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба артиши миллӣ такия мекунад.
Аҳлиддини Муборакшоҳ узви фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Кушониён