Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулзор»-и ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Асоев Хизирдин-мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳия иштирок карда дар бораи сиёсати созандаи ҳизб андешаронӣ кард.
Ҳамзамон, дар охири чорабинӣ бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар маъюб маводи хурока кӯмак карда шуд.