Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шоҳон» бо сокинони маҳал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз љалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва муқовимат бо коррупсия мулоҳизаронӣ карда, иброз доштанд, ки терроризму экстремизм ва коррупсия дар ҷомеаи имрӯза вабои аср буда, ба амнияти кишвар хатари ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст, бар зидди чунин амалҳои хатаровар мубориза бурда, Ватани маҳбубамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.