ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №1» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он раиси ташкилоти ибтидоии болозикр, ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Аҳёев Маҳмади ва мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад суханрони карданд.
Онҳо зикр намуданд, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии мақсаду ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ моро лозим аст, ки ҳамеша барои анҷоми корҳои ободониву созандагӣ муттаҳид буда саҳми арзандаи худро дар онҳо гузорем.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии болозикр ба як оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 350 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.