ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар маҳаллаи Истиқлолияти ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҲХДТ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳал чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Дао он Файзиев Каримҷон иштирок карда, оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуд.
Дар идома, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии мақсаду маром ва ҳадафҳои Сарвари давлат баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил андешарони сурат гирифт.