КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Уртабуз”-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Намояндагони сохтори ҳизбии ноҳия дар вохӯрӣ оид ба сиёсати дурандешонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҳарф зада, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Абдуллоев Холбердӣ ба як нафар зани бепарастор Назруллоева Зулфия маводҳои хӯрокворӣ кӯмак карда шуд.