БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАД, МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ. Семинар-машварати ҳизбӣ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён  баргузор гардид.

Дар семинар-машварат  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони кумитаҳои маҳал ва ходимони дин иштирок доштанд.

Семинар-машварат бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ оғоз гардида, дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ  ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.

Баъдан барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти ҳизбӣ роҳбарони як қатор  ташкилотҳои ибтидоӣ бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ сарфароз гардонида шуда, ба ду нафар донишҷӯён Валиева Фотима ва Қосимова Суҳайло стипендияи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Инчунин, дар охир дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба 10 нафар шахсони ниёзманди ҷомеа аз  ҳисоби маблағҳои шасхии  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg