БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳовандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Осорхонаи вилоят» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар суханронӣ зикр намуданд, ки осорхона яке аз марказҳои фарҳангӣ буда, барои ҷалби бештари сайёҳон ба маркази вилоят метавонад хизмат кунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳарчи бештар осорхонаҳоро мо ба омма муаррифӣ намуда, мардумро бештар ба он ҷалб намоем. Бо ин роҳ мо метавонем, ки ҳам маданияти мардумро баланд бардорем ва соҳаи сайёҳиро пешрафта гардонем.