БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дара”-и ҷамоати деҳоти Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат намояндаи сохтори ҳизбӣ зикр карданд, ки фаъолияти занону духтарон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ яке аз самтҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии ҷумҳурӣ мебошад. Арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати занону духтарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарин қадршиносӣ ба фаъолияти занону духтарон ба ҳисоб меравад.
Дар охир масъулин аз занону бонувонро барои боз ҳам рушд додани анъанаҳои неки ниёгон даъват ба амал оварда, иброз доштанд, ки ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дастнигару муҳтоҷи касе намешавад.