БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Хониши сиёсӣ дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҳамагонро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамоӣ карданд. 

Ҳамзамон, бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Абдусамадов Ҳусейн дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” манзили истиқоматии 2 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд Алимуродов Азам ва Сайдалова Амирон таъмиру тармим  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg