КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Зиракӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни намояндаи сохтори ҳизбӣ изҳор кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимии миллат, ки заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад, аҳамияли махсус дода, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки волидон бояд дар тарбияи ахлоқии фарзандон бодиққат бошанд ва айни замон ҳангоми ба шавҳар додани духтарон ба домоди дар муҳоҷират қарордошта эҳтиёткор бошанд ва аз ташхиси тиббӣ гузаштанро назорат кунанд.