БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

26 -СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ КУШУНҲОИ ДОХИЛА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар қисми ҳарбии 3503-и дар шаҳри Бохтарбуда  бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ ва  шаҳрии ҲХДТ чорабинии бошукӯҳ доир карда шуд.

Зимни андешаронӣ намояндагони  сохторҳои ҳизбӣ қайд карданд, ки Ҷавонони мо ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, онҳо бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

Сипас, дар идома ба командири қисми ҳарбии 3503 РҚД ВКД ҶТ подполковник М.З.Тоирзода барои  саҳми арзандааш дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ сарфарозр  гардонида шуд.

Инчунин, ба як гурӯҳ сарбозоне, ки муҳлати хизмати Ватан – Модарро сарбаландона адо намуданд, дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳарбиро  супориданд.

Дар охир санъаткорон бо барномаи фарҳангии  худ, суруду таронаҳои ватандӯстона  хотири ҷамъомадагонро шод  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg