
Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳазорчашма”-и ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҳидояти масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабинии тарғиботии корҳои ободонӣ баргузор карда шуд.
Дар ин рӯз бо саҳми назарраси аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Ҳазорчашма” қубури обгузари деҳа бетонпуш карда шуд.